- ҷав
- I[جو]ғаллае, ки бештар ба чорпоён медиҳанд ва аз ордаш нон ҳам мепазанд; орди ҷав; ҷави баҳорӣ ҷаве, ки баҳор кишт мешавад; ҷави тирамоҳӣ ҷаве, ки дар тирамоҳ кишт мегардад; ҷаве, як ҷав каме, андаке, ба қадри як ҷав; аз охури баланд ҷав хӯрдан бо имтиёз зиндагӣ кардан, ба зиндагии имтиёзнок одат кардан; як ҷав наарзидан ҳеҷ арзиш надоштан; ҳисоб ҷав-ҷав, бахшиш лаг-лаг (зарб.) ҳисоби аниқ дар ҷои худ, бахшиш ҳам ба ҷои худ; ҷав-ҷав маҷ. кам-камII(ҷавв)[جو]а. кит. қабати ҳаво, ки Заминро иҳота кардааст, фазо, атмосфера; ҷавви ҳаво байни замину осмон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.